Главная / Ҷамъият / Комиссияи давлатии қабул

Комиссияи давлатии қабул

Моддаи 74-и  Қарори шаҳрсозӣ. Комиссияи давлатии қабул

  1. Объекти сохташудаи ба истифода омодаро, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 73 Кодекси мазкур, комиссияи давлатии қабул, ки мақоми коллективӣ, муваққатӣ ё доимоамалкунанда мебошад, дар мӯҳлатҳои муайянгардида, дар асоси лоиҳаи тасдиқшуда ва ҳангоми мавҷуд будани хулосаи мусбии комиссияи корӣ барои истифода қабул мекунад.
    2. Комиссияи давлатии қабулро вобаста ба аҳамият ё арзиши сохтмони объекти барои истифодабарӣ қабулшаванда мақомоти зерин таъин менамоянд:
    – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
    – мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ;
    – мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо.
    3. Тартиби кори комиссияҳои давлатии қабул, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …