Главная / Ҷамъият / Объекте, ки соҳибмулк метавонад мустақилона ба истифода қабул намояд

Объекте, ки соҳибмулк метавонад мустақилона ба истифода қабул намояд

Моддаи 73-и  Қарори шаҳрсозӣ. Объекте, ки соҳибмулк метавонад мустақилона ба истифода қабул намояд

Соҳибмулк (фармоишгар, сармоягузор ё иморатсоз) ҳуқуқ дорад объекти сохтмонаш анҷомёфтаи зеринро мустақилона барои истифода қабул намояд:
– таҷдиди (аз нав тарҳрезии, аз нав таҷҳизонидани) биноҳои якошёнаи манзилӣ ё ғайриманзилӣ (қисмҳои алоҳидаи бино), ки бо тағйирдиҳии сохти асосӣ ва деворҳои бино, системаҳои муҳандисӣ ва таҷҳизот, инчунин азнавбашаклдарории (тағйир додани таъиноти вазифавии) бино вобаста намебошанд;
– иморатҳои муваққатӣ;
– иморатҳои хоҷагию маишӣ дар ҳудуди қитъаҳои инфиродии наздиҳавлигӣ, хонаҳои шахсӣ, иморатҳо дар қитъаҳои замини ҷамъиятҳои боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ, унсурҳои ободонии ҳудудҳои назди бино ё қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ (боғҳо);
– азнавтарҳрезии (азнавтаҷҳизонидани) биноҳои таъиноти ғайриистеҳсолӣ, ки дар биноҳои мавҷуд буда, тағйир додани сохти асосии биноро талаб наменамояд, анҷом дода мешавад;
– шаклҳои хурди меъморӣ ва девор кардани ҳудуд;
– майдончаҳои кушоди варзишӣ, роҳравҳо, сангфарш кардани атрофи биноҳо (иншоот).

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …