Главная / Ҷамъият / Қабули объектҳо барои истифода

Қабули объектҳо барои истифода

Моддаи 72-и  Қарори шаҳрсозӣ. Қабули объектҳо барои истифода

  1. Қабули объектҳои сохташуда барои истифода тибқи талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
    2. Дар ҳолатҳои алоҳида, ки дар моддаи 73 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, объекти сохтмониро барои истифода соҳибмулк (фармоишгар, сармоягузор ё иморатсоз) мустақилона қабул мекунад.
    3. Санади комиссияи давлатии қабул дар бораи ба истифода қабул кардани объекти сохташуда ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳуқуқи моликият ба объекти мазкур асос мебошад.
    4. Санади комиссияи давлатиро дар бораи ба истифода додани объекти сохташуда бояд мақоме, ки комиссияи давлатии қабулро таъин намудааст, дар мӯҳлатҳои зерин тасдиқ кунад:
    – барои объектҳои таъиноти истеҳсолӣ дар мӯҳлати на зиёда аз 5 рӯзи корӣ аз рӯзи ба имзо расонидани санад;
    – барои объектҳои таъиноти манзилию шаҳрвандӣ дар мӯҳлати на зиёда аз 3 рӯзи корӣ аз рӯзи ба имзо расонидани санад.
    5. Санаи ба истифода додани объекти қабулнамудаи комиссияи давлатии қабул санаи тасдиқ шудани санад дар бораи ба истифода қабул кардани объект аз тарафи мақоме, ки комиссияро таъин кардааст, ба ҳисоб меравад.
    6. Истифодаи объекти сохташуда бе хулосаи мусбии комиссияи давлатии қабул, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 77 Кодекси мазкур, иҷозат дода намешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …