Главная / Ҷамъият / Тағйир додани миқдори об ва мӯҳлатҳои обдиҳӣ

Тағйир додани миқдори об ва мӯҳлатҳои обдиҳӣ

Моддаи 70-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тағйир додани миқдори об ва мӯҳлатҳои обдиҳӣ

1.Обдиҳии иловагӣ барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ вобаста ба дархости истифодабарандаи об мутобиқи шартҳои дар шартнома зикргардида, анҷом дода мешавад.

2 Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об ҳуқуқ дорад:

-ҳангоми кам шудани сатҳи оби манбаи объёрӣ (бо риояи усули таъминоти баробари об) ба истифодабарандагон додани обро маҳдуд намояд, дар давраи камобӣ дар манбаъҳои алоҳидаи обдиҳии системаи объёрӣ гардиши обро ҷорӣ намояд;

-дар ҳолатҳои истифодаи бесамари об, худсарона гирифтани об аз ҷониби истифодабарандагони алоҳида обдиҳиро мувофиқи моддаи 49 Кодекси мазкур қатъ кунад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима бандад;

-вобаста ба тағйир ёфтани низоми оби манбаи объёрӣ, шароити обу ҳаво, дигар сабабҳое, ки зарурати тағйир додани мӯҳлатҳои обдиҳии дар шартномаҳо пешбинигардидаро ба миён меоранд, ҷадвали обдиҳиро барои истифодабарандагони об тағйир диҳад. Тағйирот дар шартҳои истифодаи об метавонад танҳо дар асоси қоидаҳое, ки дар шартномаҳои обрасонӣ зикр шудаанд, ворид карда шавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …