Главная / Ҷамъият / Салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об

Салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об

Моддаи 7-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Салоҳияти мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об

Дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об масъалаҳои зерин дар салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо мебошанд:

-муайян кардани самтҳои асосии истифода ва ҳифзи об дар ҳудуди худ;

-таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи танзим, истифода ва ҳифзи захираҳои об;

-баҳисобгирӣ, баҳодиҳии ҳолати об ва объектҳои об, назорат ба истифода ва ҳифзи об, риояи меъёрҳои (лимитҳои) муқараршудаи истеъмоли об;

-гузаронидани тадбирҳо доир ба нигоҳдошт ва беҳтар кардани ҳолати объектҳои об, пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровар, инчунин ифлосшавии об, барқарор намудани объектҳое, ки дар натиҷаи садамаҳо, обхезӣ, селобҳо ва дигар офатҳои табиӣ зарар дидаанд;

-муайян ва тасдиқ намудани чорабиниҳои пешгирии обхезӣ бо роҳи таъсис додани сохтори дахлдори мубориза бо обхезӣ, сохтмони иншооти дахлдор барои пешгирии обхезӣ ва таъмини аҳолӣ бо иттилооти мубориза бо обхезӣ; (К ҶТ аз 3.12.09с, №572).

-дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти давлатӣ системаи назорати таҳдиди обхезӣ ва системаи огоҳонидани пешакӣ ва бартараф намудани обхезӣ ташкил намудан;  (К ҶТ аз 3.12.09с, №572).

-дар доираи ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, таъмин намудан бо оби нӯшокӣ, нигоҳ доштан ва тараққӣ додани системаҳои марказонидашуда, ғайримарказонидашуда ва системаҳои тақсимкунандаи оби нӯшокӣ ба истеъмолкунандагон;

-мувофиқат намудани ҷойгиркунонӣ ва ба истифода додани корхонаҳо, иншо, дастгоҳҳо оид ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия»  ва анҷом додани корҳо дар объектҳои об ва қитъаҳои наздисоҳилии ҳифзи об; (КҶТ аз 28.06.11с., №744)

-ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об; (КҶТ аз 20.03.08c, №381).

-танзими дигар масъалаҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …