Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқи шаҳрванд ба муҳити мусоиди фаъолияти ҳаётӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ

Ҳуқуқи шаҳрванд ба муҳити мусоиди фаъолияти ҳаётӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ

Моддаи 7-и  Қарори шаҳрсозӣ. Ҳуқуқи шаҳрванд ба муҳити мусоиди фаъолияти ҳаётӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ

  1. Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ ҳар як шаҳрванд ба муҳити мусоиди фаъолияти ҳаётӣ ҳуқуқ дорад.
  2. Ҳуқуқи шаҳрванд ба муҳити мусоиди фаъолияти ҳаётӣ ҳангоми иҷрои фаъолияти шаҳрсозӣ бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:

– танзими давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ;

– банақшагирии шаҳрсозии рушди ҳудуд ва маҳалҳои аҳолинишин;

– иштирок дар амалишавии фаъолияти шаҳрсозӣ;

– сертификатсияи маводи сохтмонӣ ва маснуот дар соҳаи сохтмон;

– назорати давлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба риояи қонунгузорӣ дар бораи шаҳрсозӣ;

– бо тартиби муқарраргардида ҷуброн намудани зараре, ки ба шаҳрвандон расонида шудааст ва боиси бад гардидани шароити зиндагии онҳо шудааст, инчунин ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи шаҳрсозӣ ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки шаҳрвандон расонида шудааст;

– ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти шаҳрсозӣ гунаҳкор.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

mardum

Дуои муҳофизат аз шарри душманон

Агар шахсе аз ҷониби душмане эҳсоси хатар ва адами амният мекунад, барои ин мушкилаш ин …