Главная / Ҷамъият / Маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ

Маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ

Моддаи 69-и Кодекси Оила. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ

  1. Падару модар (яке аз онҳо) метавонанд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд, агар онҳо:

– аз  иҷрои ӯҳдадориҳои падару модарӣ, аз ҷумла додани алимент қасдан саркашӣ кунанд;

– бе сабабҳои узрнок аз таваллудхона (таваллудгоҳ) ё муассисаи дигари тиббӣ ё тарбиявӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ё дигар муассисаҳои монанди он  гирифтани фарзанди худро рад намоянд;

– аз ҳуқуқи  падару модарии худ  суиистифода намоянд;

– ба фарзандон муносибати бераҳмона кунанд, аз ҷумла нисбати онҳо зӯроварии ҷисмонӣ ё рӯҳиро раво бинанд, ба дахлнопазирии ҷинсии онҳо сӯиқасд намоянд;

– майзада ё нашъаманди ашаддӣ бошанд;

– бар зидди ҳаёт ва саломатии фарзандони худ ё саломатии ҳамсари худ қасдан ҷиноят содир карда бошанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …