Главная / Ҷамъият / Тасдиқи нақшаҳои истифодаи об

Тасдиқи нақшаҳои истифодаи об

Моддаи 69-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тасдиқи нақшаҳои истифодаи об

Нақшаҳои истифодаи об дар сатҳҳои гуногун аз ҷониби инҳо тасдиқ карда мешаванд:

-нақшаҳои дохилихоҷагии истифодаи об бо мувофиқати ташкилоти обрасон аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, ки тибқи тартиби маъмурӣ ҳудуди дахлдор тобеи он аст;

-вобаста ба системаҳои дорои аҳамияти ноҳиявӣ (ҳавзавӣ) аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, ки тибқи тартиби маъмурӣ ҳудуди дахлдор тобеи он аст;

-вобаста ба системаҳои дорои аҳамияти байниноҳиявӣ, вилоятӣ (ҳавзавӣ), ҷумҳуриявӣ мутобиқан аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлати оид ба танзими истифода ва хифзи захираҳои об ва ташкилотҳои дар маҳал будаи онхо бо мувофиқати мақомоти кишоварзӣ. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …