Главная / Ҷамъият / Ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани маблағҳои барзиёд пардохтшуда

Ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани маблағҳои барзиёд пардохтшуда

Моддаи 69-и Кодекси Андоз. Ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани маблағҳои барзиёд пардохтшуда

  1. Маблағи барзиёд пардохтшудаи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо барои давраи андоз, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 191 Кодекси мазкур, ин фарқи мусбии байни маблағҳои ба буҷет пардохтшуда ва маблағҳои ҳисобшудаи, иловагӣ ҳисобшудаи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо ба буҷет барои ҳамин давраи андоз мебошад.
  2. Ба ҳисоб гирифтани маблағи барзиёд пардохтшудаи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои андозсупоранда бо пули миллӣ аз ҷониби мақомоти андозе гузаронида мешавад, ки тибқи ҳисобномаи шахсии андозсупоранда маблағи барзиёд пардохтшуда дар он мавҷуд мебошад.
  3. Маблағи барзиёд пардохтшудаи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо бояд ҳатман бо тартиби зайл ба ҳисоб гирифта шавад:

– бе аризаи андозсупоранда – ба ҳисоби пардохти фоизҳо ва ҷаримаҳо аз рўи ҳамин намуди андозҳо ва (ё) қарзҳои андозсупоранда аз рўи дигар андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳое, ки ба ҳамон буҷет ворид мешаванд;

-тибқи аризаи андозсупоранда барои баҳисобгирӣ, ки ҷавобан ба муроҷиати мақомоти андоз гирифта шудааст – бақияи баъди иҷрои амалҳои дар сархати якумиҳамин қисм номбаршуда бавуҷудомадаро ба ҳисоби ўҳдадориҳо оид ба пардохтҳои минбаъдаи ҳамон андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо ба буҷете, ки бояд бақияи бавуҷудомада низ ворид шавад, мегузаронанд.

  1. Баъди иҷрои амалҳои пешбининамудаи сархатҳои якум ва дуюми қисми 3 ҳамин модда, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, якҷоя бо мақомоти дахлдори молия маблағи зиёдатиро (бақияро) ба андозсупоранда дар мўҳлати 30 рўзи тақвимӣ аз лаҳзаи пешниҳоди аризаи хаттии андозсупоранда ба мақомоти андози баҳисобгириаш бармегардонанд.
  2. Агар маблағи барзиёд пардохтшудаи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо мутобиқи қисмҳои 3 ва 6 ҳамин модда ба ҳисоби ўҳдадориҳои дигар андозҳо гузаронида шаванд, мақомоти андоз бояд дар ин маврид андозсупорандаро дар мўҳлати 3 рўз аз санаи гузаронидани баҳисобгирии дар боло пешбинишуда огоҳ намоянд.
  3. Агар ҳангоми гузаштани (барои гузаштани) молҳо ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам маблағи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо барзиёд пардохт шуда бошанд, мақомоти андоз ҳангоми гирифтани тасдиқномаи пардохти барзиёд аз мақомоти гумруки дахлдор, мутобиқи ариза дар бораи баҳисобгирӣ амали дар қисми 3 ҳамин модда пешбинишударо анҷом медиҳанд ва дар мўҳлати 3 рўз андозсупоранда ва мақомоти гумруки дахлдорро дар бораи амалҳои худ огоҳ менамоянд.
  4. Дар асоси аризаи андозсупоранда баҳисобгирӣ тибқи қисми 3 ҳамин модда метавонад бо мувофиқаи байни мақомоти дахлдори андоз ва гумрук, инчунин ба ҳисоби пардохт намудани қарзи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳое, ки бояд ҳангоми гузаштани молҳо ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт шаванд, гузаронида шавад. Баҳисобгирӣ дар ҳолате роҳ дода мешавад, ки агар бақияи андози барзиёд пардохтшуда ва қарз ба ҳамон як буҷет алоқаманд бошанд.
  5. Бар ивази баргардонидани маблағи барзиёд пардохтшудаи аксиз барои молҳои зераксизӣ, он аз ҳисоби дигар андозҳо, ба истиснои ҳолатҳои қатъ намудани фаъолияти андозсупорандаи истеҳсолкунандаи чунин молҳо, ба ҳисоб гирифта мешавад.
  6. Агар маблағи барзиёд пардохтшудаи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо ба як буҷет, вале ўҳдадории андоз ба буҷети дигар тааллуқ дошта бошанд, баҳисобгирӣ ё баргардонидани маблағҳои барзиёд пардохтшудаи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи дастурамал дар бораи анҷом додани баҳисобгирӣ ё баргардонидани маблағҳои барзиёд пардохтшудаи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд, бо дарназардошти ўҳдадориҳои андози андозсупоранда, амалӣ гардонида мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …