Главная / Ҷамъият / Маҳалли пардохти андозҳо ва буҷетҳое, ки андозҳо ба онҳо гузаронида мешаванд

Маҳалли пардохти андозҳо ва буҷетҳое, ки андозҳо ба онҳо гузаронида мешаванд

Моддаи 68-и Кодекси Андоз. Маҳалли пардохти андозҳо ва буҷетҳое, ки андозҳо ба онҳо гузаронида мешаванд

  1. Андозҳои умумидавлатӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва андозҳои маҳаллӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ пардохт мешаванд.
  2. Андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои ҳисобшуда (иловагӣ ҳисобшуда) бояд дар маҳалҳои зерин пардохт шаванд:

-дар маҳалле, ки дар огоҳиномаи мақомоти андоз оид ба ҳисобкунии (иловагӣ ҳисоб намудани) андоз ва талабот оид ба пардохти андоз зикр шудааст;

-агар огоҳиномаи мақомоти андоз оид ба ҳисобкунии (иловагӣ ҳисоб намудани) андоз зарур набошад, дар маҳалле, ки дар санади дахлдори қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст;

-агар дар санади дахлдори қонунгузории андоз маҳал зикр нашуда бошад, – дар маҳалли зисти андозсупоранда – шахси воқеӣ, дар маҳалли фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ё дар маҳалли бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ (филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ), ё дар маҳалли ҷойгиршавии агенти андоз (филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқӣ – резидент).

  1. Қонунгузории буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли тақвимии дахлдор метавонад пардохти андозҳои умумидавлатиро (ё қисми онҳоро) ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва (ё) буҷети маҳаллӣ муқаррар намояд.
  2. Андозсупоранда ҳар сол дар мақомоти андози маҳалли баҳисобгириаш маълумотеро (суратҳисобҳои бонкӣ ва хазинадориеро), ки ба онҳо бояд ин ё он намуди андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо ба ин ё он буҷет супорида шаванд, аниқ менамояд.
  3. Новобаста ба муқаррароти қисмҳои 1- 3 ҳамин модда, андози даромад ва андози иҷтимоӣ нисбат ба шахсони воқеие, ки дар воҳидҳои алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ кор мекунанд, бояд ба буҷети маҳалли ҷойгиршавии воҳидҳои алоҳидабо дарназардошти тақсими маблағҳои ин андозҳо байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мутобиқи қонунгузории буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шаванд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

moddai-88-karori-shahrsozi

Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 88-и  Қарори шаҳрсозӣ. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии …