Главная / Ҷамъият / Шаклҳо ва мўҳлатҳои пардохти андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо

Шаклҳо ва мўҳлатҳои пардохти андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо

Моддаи 67-и Кодекси Андоз. Шаклҳо ва мўҳлатҳои пардохти андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо

  1. Андозҳо, чаримаҳо ва фоизҳои тибқи Кодекси мазкур ҳисобшуда (иловагӣ ҳисобшуда) бояд дар мўҳлатҳои муайяннамудаи Кодекси мазкур пардохт карда, тибқи қонунгузорӣ дар бораи буҷети давлатӣ байни буҷетҳои дахлдор аз ҷониби сохторҳои хазинадории мақомоти молияи дахлдор тақсим карда шаванд (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188).
  2. Дар деҳот ҷамъоварии андозҳо аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ метавонад дар шакли нақд аз ҷониби корманди ваколатдоршудаи мақомоти андоз бо мусоидатикормандони мақомоти худидоракунии деҳот амалӣ карда шавад.
  3. Ҳангоми бо пули нақд гирифтани андозҳо аз молу мулки ғайриманқул аз шахсони воқеӣ дар ду нусхаи шабеҳ ҳуҷҷати дорои ҳисоботи қатъӣ дар бораи пардохти андоз, ки шакл ва тартиби истифодабарии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, пур карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …