Главная / Ҷамъият / Мўҳлати даъво

Мўҳлати даъво

Моддаи 66-и Кодекси Андоз. Мўҳлати  даъво

  1. Мақомоти андоз метавонанд маблағи андози андозсупорандаро ҳисоб намоянд (иловагӣ ҳисоб намоянд), аз нав баррасӣ намоянд (ислоҳ намоянд) ва (ё) маблағи андози ҳисобшударо (иловагӣ хисобшударо, ислоҳшударо) дар давоми 5 соли баъди ба охир расидани соли тақвимӣ, ки давраи андози дахлдорро дар бар мегирад, ситонанд.
  2. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад баргардонидан ё ба ҳисоб гирифтани маблағи андозро дар давоми 5 соли баъди ба охир расидани соли тақвимӣ талаб намояд.
  3. Нисбат ба андозсупорандагоне, ки тибқи фасли XVII Кодекси мазкур низоми андозбандии имтиёзнокро истифода мебаранд, мўҳлати даъво ба мўҳлати андозбандии имтиёзноки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардида дароз карда мешавад.
  4. Ҷараёни мўҳлати даъво дар давраи амали мораторияи санҷиши андозҳо, мўҳлати батаъхиргузории пардохти андозҳо ва иҷрои қисми 5 моддаи 65 Кодекси мазкур боздошта мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

zan-mard-jogah

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб маҳкум …