Главная / Ҷамъият / Асосҳои баҳисобгирии иҷрои ўҳдадории андоз

Асосҳои баҳисобгирии иҷрои ўҳдадории андоз

Моддаи 65-и Кодекси Андоз. Асосҳои баҳисобгирии иҷрои ўҳдадории андоз

  1. Баҳисобгирии иҷрои ўҳдадории андоз аз ҷониби мақомоти андоз бо роҳи пеш бурдани ҳисобномаи шахсии андозсупоранда (агенти андоз) амалӣ карда мешавад.
  2. Аз ҷониби мақомоти андоз пеш бурдани ҳисобномаи шахсииандозсупоранда (агенти андоз) инҳоро дар бар мегирад:

-кушодани ҳисобномаи шахсӣ барои ҳар намуди андоз;

-минбаъд дар ҳисобномаи шахсӣ дарҷ намудани маблағҳои ҳисобкардашуда, иловагӣ ҳисобшуда, пардохтшуда, баҳисобгирифташуда, баргардонидашудаи андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо;

-бастани ҳисобномаи шахсӣ.

  1. Маблағи ҳисобкардашудаи андоз маблағи андозе мебошад, ки аз ҷониби шахсони зерин ҳисоб карда шудаааст:

-андозсупоранда (агенти андоз) дар ҳисоботи андоз;

-мақомоти андоз аз рўи намудҳои алоҳидаи андозҳо аз шахсони воқеӣ, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст;

-мақомоти ваколатдор – тибқи асосҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур.

  1. Дар Кодекси мазкур таҳти мафҳуми маблағи андози (ўҳдадории андози) иловагӣ ҳисобшуда ва аз ҷониби мақомоти андоз дар ҳисобномаҳои шахсии андозсупоранда дохилкардашуда маблағи ҳисобшавандаи андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо барои давраи андози муайяни андозсупоранда фаҳмида мешавад. Иловагӣ ҳисоб намудани маблағи андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо, аз ҷумла зиёд ё кам кардани ўҳдадорӣ, аз ҷониби мақомоти андоз дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:

-аз рўи натиҷаҳои санҷиши андоз ва ҳамагуна дигар маълумоти ба мақомоти андоз маълумшуда;

-тибқи маълумоти мақомоти дигар, натиҷаҳои назорати камералӣ, муоинаи хронометражӣ ё шаклҳои дигари назорати андоз;

-аз рўи натиҷаҳои баррасии шикояти андозсупоранда (агенти андоз) аз болои огоҳинома дар бораи натиҷаҳои санҷиши андоз ва (ё) қарори мақомоти болоии андоз, ки аз рўи натиҷаҳои баррасии шикояти андозсупоранда (агенти андоз) қабул шудааст.

  1. Маблағи уҳдадориҳои андози ҳисобшуда, ки барои иҷрои онҳо амалӣ намудани шартҳои махсус зарур мебошад, дар давраи амали чунин шартҳои махсус ҳамчун қарзҳои андози мушкилситон дониста шуда, дар мақомоти андози дахлдор алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад. Шартҳои махсус барои иҷрои чунин уҳдадориҳои андоз аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Баҳисобгирии андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои пардохтшуда, баҳисобгирифташуда, баргардонидашуда дар ҳисобномаҳои шахсии андозсупоранда (агенти андоз) дар асоси ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зерин пеш бурда мешавад:

-оид ба пардохти андозҳо, ҷаримаҳо, фоизҳо;

-дар бораи баҳисобгириҳо, баргардонидани маблағҳои изофапулии андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои гузаронидашуда;

-дар бораи баҳисобгириҳои гузаронидашуда, баргардонидани маблағи барзиёди андоз аз арзиши иловашуда, ки баҳисобгирифташуда ҳисобида шудаанд, нисбат ба маблағи ҳисобкардашудаи андоз;

-дар бораи ба ҳисоб гирифтан ва (ё) баргардонидани маблағҳои саҳван пардохтшудаи андозҳо;

-оид ба маблағҳои рўёнидашудаи қарзҳои андоз, ҷаримаҳо, фоизҳо.

  1. Ҳангоми тағйир ёфтани мўҳлати иҷрои ўҳдадории андоз оид ба пардохт намудани андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дар ҳисобномаи шахсии андозсупоранда маблағи андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳое, ки мўҳлати иҷрои ўҳдадориҳои андоз барои онҳо тағйир дода шудааст, бо дарназардошти мўҳлати иҷрои он инъикос карда мешавад. Дар давраи тағйирёбии мўҳлати пардохти андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо аз ҷониби мақомоти андоз нисбат ба андозсупоранда чораҳои ҷавобгарӣ ва чораҳои маҷбуран ситонидан татбиқ карда намешаванд.
  2. Маблағи фоизҳои дар ҳаҷм ва бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур иловагӣ ҳисобшуда дар ҳисобномаи шахсии андозсупоранда (агенти андоз) бо нишон додани даврае, ки онҳо иловагӣ ҳисоб шудаанд, инъикос карда мешавад.
  3. Роҳбари мақомоти андоз ҳуқуқ дорад маблағи андозро ҳисоб карда, пардохти фаврии онро то санае, ки маъмулан андоз супорида мешавад, талаб намояд, агар ин чорабинӣ барои  таъмини ситонидани андоз зарур бошад ва иттилооти мушаххас мавҷуд бошад, ки агар пардохти фаврии андоз сурат нагирад, андозсупоранда бо роҳи фирор аз ҳудуди кишвар, супоридани дороиҳо ба шахси дигар ё андешидани дигар чораҳое, ки ба ситонидани андоз монеъ мешаванд, аз андозбандӣ канорагирӣ менамояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …