Главная / Ҷамъият / Қатъ гардидани ўҳдадории андоз

Қатъ гардидани ўҳдадории андоз

Моддаи 64-и Кодекси Андоз. Қатъ гардидани ўҳдадории андоз

Дар ҳолатҳои зерин ўҳдадории андоз қатъгардида ва қарзи андоз пардохтшуда ҳисобида мешаванд:

-ба таври дахлдор иҷро гардидани ўҳдадории андоз ва пардохти андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳо;

-гузаштани мўҳлати даъво аз рўи ўҳдадории андоз, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст;

-муфлис эътироф шудани андозсупоранда дар ҳолати нокифоя будани молу мулки он, агар бо қарори суд тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;

-фавти шахси воқеӣ дар ҳолати мавҷуд набудани вориси ҳуқуқӣ ё меросхўр;

-фавтида эълон шудан, бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф шудани шахси воқеӣ ҳангоми мавҷуд набудан ё нокифоя будани молу мулки вай;

-аз ҳисоб баровардани ўҳдадории андозтибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …