Главная / Ҷамъият / Таҳия ва мувофиқасозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмони бино ва иншоот

Таҳия ва мувофиқасозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмони бино ва иншоот

Моддаи 63-и  Қарори шаҳрсозӣ. Таҳия ва мувофиқасозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмони бино ва иншоот

  1. Сохтмони биноҳо, иншоот, маҷмааи онҳо ва қисмҳои алоҳидаи онҳо, иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ, истеҳсолӣ, нақлиётӣ, муҳандисӣ ва ободонии ҳудудҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ба сохтмон, ки бо ташаббуси фармоишгар ва аз ҳисоби ӯ таҳия мегардад, амалӣ карда мешавад.
    2. Таркиб, тартиби таҳия, мувофиқасозӣ ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмони бино ва иншоот аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ муқаррар карда мешавад.
    3 . Фармоишгар бе ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонад корҳои зеринро анҷом диҳад:
    – бунёди иморатҳои муваққатӣ дар қитъаҳои замини наздиҳавлигии манзилҳои шахсӣ ё қитъаҳои замини ҷамъиятҳои боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ, инчунин биноҳои истиқоматӣ ва (ё) хоҷагию маишӣ барои корҳои мавсимӣ ва чаронидани чорво дар чарогоҳ;
    – дигаргунсозии биноҳои аз ҷиҳати техникӣ номураккаб, ки барои истифодаи шахсии шаҳрвандон пешбинӣ шудаанд. Қарор оид ба дохил намудани бино ва иншооти аз ҷиҳати техникӣ номураккаб аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қабул карда мешавад;
    – сохтмони биноҳои хоҷагию маишии иловагӣ ба иморатҳои мавҷудаи заминҳои наздиҳавлигӣ ё заминҳои ҷамъиятҳои боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ, ободонии онҳо, ҳамчунин васлкунии иншооти оҳании муваққатӣ дар ин ҳавлиҳо дар ҳолате, ки онҳо манфиати шахсони дигар ё манфиати давлатро маҳдуд намесозанд, бе мувофиқа бо мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ амалӣ карда мешаванд.
    4. Иморатсоз ҳуқуқ дорад бо ташаббуси худ тайёр кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавии дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинишударо таъмин намояд.
    5. Намуди корҳо оид ба тайёр кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки ба амнияти бино ва иншоот таъсир мерасонад, бояд танҳо аз тарафи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие иҷро карда шаванд, ки иҷозатномаи дахлдор доранд.
    6. Барои омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ аз ҷониби иморатсоз ё фармоишгар тибқи шартнома ба таҳиягари лоиҳа ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
    – ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин;
    – супоришҳои меъморию банақшагирӣ;
    – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳқиқоти муҳандисию геологӣ ва муҳандисию геодезӣ (ҳангоми зарурат);
    – шартҳои техникӣ (дар ҳолатҳое, ки агар фаъолияти объекти сохтмонии ба лоиҳа гирифташаванда бе васл кардани чунин объект ба шабакаҳои таъминоти муҳандисию техникӣ имконнопазир бошад).
    7. Таҳиягарони ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои қабули қарор оид ба масъалаҳои лоиҳавӣ ва мутобиқати онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникӣ масъул мебошанд.
    8. Қоидаю тартиби пешбурди корҳои пудратӣ ҳангоми иҷрои ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ (лоиҳавию сметавӣ) мувофиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мазкур муқаррар карда мешаванд.
    9. Дар як вақт таҳияву экспертизаи лоиҳаҳо ва иҷрои корҳои сохтмонӣ дар бино ва иншооти аҳамияти ҷумҳуриявидошта дар ҳолатҳои истисноӣ бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
    10. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавие, ки аз рӯи онҳо дар давоми се сол ва зиёда аз он пас аз таҳияи ин ҳуҷҷатҳо корҳои сохтмонӣ шурӯъ нагардидаанд, метавонанд барои татбиқ пас аз гузаронидани экспертизаи нав ва тасдиқкунии нав бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур истифода бурда шаванд.
    11. Ташкилотҳое, ки шабакаҳои муҳандисиро истифода мекарданд, вазифадоранд дар мӯҳлати муқарраргардида ба аризадиҳанда мувофиқи шароити техникии он пайвасткунии иншооти сохтмонии сохташуда ё таҷдидгардидаро ба шабакаҳои муҳандисӣ таъмин намоянд.
    12. Қоидаҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва хизматрасонии коммуналиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

СБҲМ

Стандарти байналмилалии ҳисоботи молиявӣ СБҲМ

ҶСК «Содиротбонк» дар ҷавоб ба мактуби Бонки миллии Тоҷикистон таҳти рақами 02.3-24761/14566 аз 19-уми октябри …