Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқи падару модари ноболиғ

Ҳуқуқи падару модари ноболиғ

Моддаи 62-и Кодекси Оила. Ҳуқуқи падару модари ноболиғ

  1. Падару модари ноболиғ ҳуқуқ доранд бо кӯдак мустақилона зиндагӣ кунанд ва дар тарбияи ӯ иштирок намоянд.
  2. Падару модари ноболиғ, ки ақди никоҳ набастаанд, дар сурати таваллуд шудани кӯдак ҳақ доранд пас аз расидан ба синни шонздаҳсолагӣ мустақилона ҳуқуқи падару модарии худро татбиқ намоянд. То ба синни шонздаҳсолагӣ расидани падару модари ноболиғ ба кӯдак васӣ таъин шуданаш мумкин аст, ки якҷоя бо падару модари ноболиғ тарбияи кӯдакро анҷом медиҳад. Ихтилофе, ки байни васии кӯдак ва падару модари ноболиғ ба миён меоянд, аз ҷониби мақоми васояту парасторӣ ҳал карда мешаванд.

3.Падару модари ноболиғ ҳуқуқ доранд бо асосҳои умумӣ барои эътироф намудани падарӣ ва модарии худ баҳс намоянд, инчунин то расидан ба синни шонздаҳ онҳо ба тартиби муқаррарнамудаи судӣ ҳуқуқи талаби муқаррар намудани падарӣ ва модариро нисбати фарзандонашон доранд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …