Главная / Ҷамъият / Лоиҳаи иморатсозӣ дар қитъаи замин

Лоиҳаи иморатсозӣ дар қитъаи замин

Моддаи 61-и  Қарори шаҳрсозӣ. Лоиҳаи иморатсозӣ дар қитъаи замин

  1. Ба лоиҳаи иморатсозӣ, ки пас аз гирифтани қарор дар хусуси додани қитъаи замин таҳия мешавад, ҳуҷҷатҳои зерин дохил мешаванд:
    – нақшаи генералии қитъаи замин;
    – лоиҳаи намунавӣ ё инфиродии хонаи истиқоматӣ, ки дар мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳо бо назардошти шароити маҳаллии муҳандисию геологии сохтмон мувофиқа шудааст;
    – лоиҳаи намунавӣ ё инфиродии биноҳои хоҷагии ёрирасон.
  2. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад, ки таҳияи лоиҳаи инфиродии хонаи истиқоматиро ба ҳар шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дорои иҷозатномаи фаъолияти лоиҳакашию таҳқиқотӣ мебошад, супориш диҳад.
  3. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ, ки ташкилотҳои лоиҳакашӣ ё шахсони алоҳида бе доштани иҷозатнома анҷом додаанд, беэътибор дониста мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …