Главная / Ҷамъият / Овардани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, ба ҷойи тартибдиҳии протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Овардани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, ба ҷойи тартибдиҳии протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи  60-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Овардани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, ба ҷойи тартибдиҳии протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Овардани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, яъне ба ҷойи тартибдиҳии протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маҷбуран овардани шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда ва намояндаи шахси ҳуқуқӣ бо мақсади тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, агар тартиб додани протокол ҳатмӣ бошад, ҳангоми ғайриимкон будани дар ҷояш тартиб додани он ва ё шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият надошта бошад ва набудани шоҳидоне, ки дар бораи вай маълумоти заруриро дода метавонанд, аз ҷониби шахсони зерин анҷом дода мешавад:

– аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми ошкор шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки мутобиқи моддаи 98 Кодекси мазкур парвандаҳоро оид ба он мақомоти корҳои дохилӣ баррасӣ менамоянд ё ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи он мутобиқи Кодекси мазкур протокол тартиб медиҳанд, инчунин ҳангоми ба онҳо муроҷиат намудани шахсони мансабдоре, ки барои тартиб додани протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии муайян ваколатдоранд, ҳангоми ошкор намудани ҳама гуна ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ – ба бинои хизматии мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ ё бинои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

– аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони мансабдори посбонии ҳарбикунонидашуда ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва расонидани зарар ба молу мулк ё иншооти таҳти муҳофизаташон қарордошта ё сӯиқасд ба чунин молу мулк ё иншоот алоқаманд, инчунин бо дохил шудан ба минтақаи таҳти муҳофизаташон қарордошта – ба бинои хизматии мақомоти корҳои дохилӣ, бинои хизматии посбонон ё бинои хизматии ҷузъу томҳои қисми ҳарбӣ ё бинои хизматии мақомоти идоракунии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида дар соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, тартиби идоракунӣ, ахлоқи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ – ба бинои хизматии мақомоти корҳои дохилӣ ё бинои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

– аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт – ба бинои хизматии мақомоти корҳои дохилӣ ё бинои хизматии дигар мақомоти давлатӣ;

– аз ҷониби шахсони мансабдори Бозрасии ҳарбии автомобилӣ ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба бинои комендатураи ҳарбӣ ё қисми ҳарбӣ;

– аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи ҳифз ва истифодаи муҳити зист, фонди ҷангал, олами ҳайвонот ва наботот, захираҳои моҳӣ, қоидаҳои шикор ва моҳидорӣ ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи дахлдор – ба бинои хизматии мақомоти корҳои дохилӣ ё бинои дигар мақомоти давлатӣ;

– аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии мақомоти сарҳадӣ, дигар хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин дигар шахсони иҷрокунандаи вазифаи ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доир ба ҳимоя ва ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба бинои хизматии мақомоти сарҳадбон, бинои хизматии мақомоти корҳои дохилӣ, бинои хизматии қисми ҳарбӣ ё бинои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

– аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи қонунгузорӣ оид ба гумрук – ба бинои хизматии мақомоти гумрук;

– аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти андоз ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи қонунгузорӣ оид ба андоз – ба бинои хизматии мақомоти андоз;

– аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти назорати маводи нашъаовар, ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ин соҳа – ба бинои хизматии мақомоти назорати маводи нашъаовар  ё мақомоти корҳои дохилӣ;

– аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ин соҳа – ба бинои мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия;

– аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва тавқифгоҳҳои тафтишотӣ – ба бинои хизматии муассисаи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё мақомоти корҳои дохилӣ.

  1. Шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, аз рӯи имкон бояд дар мӯҳлати кӯтоҳ ба бинои хизматии мақомоти дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида оварда шуда, ӯ барои тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ наметавонад аз ду соат зиёд нигоҳ дошта шавад.
  2. Дар бораи овардани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст протокол тартиб дода мешавад ё дар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ё дар протокол дар бораи дастгиркунии маъмурӣ сабти дахлдор карда мешавад. Нусхаи протокол дар бораи овардани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, ба шахси овардашуда бо хоҳиши ӯ супорида мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …