Главная / Ҷамъият / Иҷрои ўҳдадории андоз ҳангоми барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ

Иҷрои ўҳдадории андоз ҳангоми барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ

Моддаи 60-и Кодекси Андоз. Иҷрои ўҳдадории андоз ҳангоми барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ

  1. Муассиси (муассисони) шахси ҳуқуқӣ – резидент, мақомоти ваколатдори он ё суд дар давоми 5 рўзи корӣ аз рўзи қабули қарор дар бораи барҳамдиҳӣ ба таври хаттӣ дар ин хусус ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиаш хабар медиҳанд.
  2. Шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда дар давоми 3 рўзи корӣ аз рўзи тасдиқ намудани тавозуни фосилавии барҳамдиҳиаш ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиаш дар як вақт ариза дар бораи гузаронидани санҷиши маҷмўии андоз ва ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ пешниҳод мекунад.
  3. Ҳисоботи андози барҳамдиҳӣ аз рўи намудҳои андозҳое тартиб дода мешавад, ки шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда андозсупорандаи (агенти андози) онҳо мебошад.
  4. Шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда андозҳоеро, ки дар ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ дарҷ шудаанд, на дертар аз 10 рўзи тақвимӣ аз рўзи ба мақомоти андоз пешниҳод шудани ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ пардохт менамояд.
  5. Санҷиши маҷмўии андоз бояд на дертар аз 20 рўзи корӣ баъди аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани аризаи шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда оғоз гардад.
  6. Қарзи андози шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда аз ҳисоби маблағҳои пулии вай, аз ҷумла маблағҳои аз фурўши молу мулки вай бадастомада, бо навбати муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
  7. Шахсоне, ки замини шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда – корхонаи кишоварзӣ ба онҳо дода мешавад, аз рўи маблағи боқимондаи қарзи андози ҳамин шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда масъулияти иловагӣ доранд.
  8. Агар молу мулки шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда барои пардохти пурраи қарзҳои андозаш кифоя набошад, қисми боқимондаи қарзи андоз аз ҷониби муассисони (иштирокчиёни) шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда пардохт мешавад, агар мутобиқи қонун, оиннома ё ҳуҷҷатҳои муассисӣ онҳо доир ба ўҳдадориҳои корхона (ташкилот) ҷавобгарии муштаракро ба зимма дошта бошанд.
  9. Пас аз хотимаи санҷиши маҷмўии андоз ва пурра пардохтани қарзи андоз шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда ҳамзамон ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиаш тавозуни барҳамдиҳӣ пешниҳод менамояд.

10.Мақомоти андоз вазифадоранд тибқи тартиб ва дар мўҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба андозсупоранда оид ба қарздор набуданаш маълумотнома диҳанд.

  1. Иҷрои ўҳдадории андози филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезидент, муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки фаъолияташонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ менамояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда анҷом дода мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …