Главная / Ҷамъият / Манфиатҳои ҷамъият, давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ

Манфиатҳои ҷамъият, давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ

Моддаи 6-и  Қарори шаҳрсозӣ. Манфиатҳои ҷамъият, давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ

  1. Манфиатҳои ҷамъият, давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ба сокинони маҳалҳои аҳолинишин, роҳ надодан ба таъсири зараровари фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист, беҳтар намудани вазъи экологӣ, рушди инфрасохтори муҳандисӣ, нақлиётию иҷтимоии маҳалҳои аҳолинишин ва ҳудудҳои ба онҳо ҳамшафат муҳофизати объектҳои мероси фарҳангӣ тавассути шаҳрсозӣ иборат мебошад.
  2. Манфиатҳои давлат дар соҳаи шаҳрсозӣ, ин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори маҳалҳои аҳолинишин ва ҳудудҳои байни маҳалҳои аҳолинишин, фаъолияти инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, ҳифзи захираҳои табиӣ, ҳифз намудани объектҳои мероси фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.
  3. Мувофиқати манфиатҳои ҷамъият ва давлатро дар соҳаи шаҳрсозӣ мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъмин менамоянд.
  4. Ба манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ манфиатҳое дохил мешаванд, ки ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ алоқаманданд.
  5. Фаъолияти шаҳрсозии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳолате маҳдуд карда мешавад, ки агар он ба амалишавии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибмулкон, истифодабарандагони қитъаҳои замини ҳамшафат ва дигар молу мулки ғайриманқул монеъ шавад.
  6. Манфиатҳои ҷамъият, давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ бо роҳҳои иҷро кардани талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатгузории шаҳрсозӣ, инчунин амалӣ намудани назорати иҷрои онҳо таъмин карда мешаванд.
  7. Дар сурати ба манфиатҳои ҷамъият, давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мухолиф будани фаъолияти шаҳрсозӣ, чунин фаъолият бояд қатъ карда шавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …