Главная / Ҷамъият / Ӯҳдадории андоз

Ӯҳдадории андоз

Моддаи 58-и Кодекси Андоз. Ӯҳдадории андоз

  1. Ӯҳдадории андоз ин ўҳдадории андозсупоранда дар назди давлат мебошад, ки мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омада, тибқи он андозсупоранда ўҳдадор аст ба буҷет андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳоро супорад.
  2. Давлат дар шахси мақомоти андоз ҳуқуқ дорад аз андозсупоранда иҷрои ўҳдадории андозиашро дар ҳаҷми пурра талаб намояд ва дар ҳолати иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ўҳдадориҳои андоз, тибқи тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур чораҳои назорати андоз ва (ё) ситонидани маҷбурии андозҳоро татбиқ намояд.
  3. Асосҳо барои ба миён омадан, тағйир ёфтан ё қатъ гардидани ўҳдадориҳои андоз, инчунин тартиб ва шартҳои иҷрои ўҳдадории андозро Кодекси мазкур ва (ё) дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
  4. Ӯҳдадории андоз аз лаҳзаи пайдо шудани ҳолатҳое, ки пардохти андоз, ҷаримаҳои ҳисобшуда ва фоизҳоро мутобиқи талаботи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамоянд, ба зиммаи андозсупоранда вогузор карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …