Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқи кўдак барои озодона изҳор намудани фикри худ

Ҳуқуқи кўдак барои озодона изҳор намудани фикри худ

Моддаи 57-и Кодекси оила. Ҳуқуқи кўдак барои озодона изҳор намудани фикри худ

(ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)

  1. Кўдак ҳуқуқ дорад дар ҳалли ҳама гунна масъалаҳои оилавӣ, ки ба манфиатҳои ў дахл доранд, фикри худро озодона изҳор намояд, ҳамчунин дар рафти мурофиаҳои судӣ ва маъмурӣ иштирок кунад. Ба инобат гирифтани фикри кўдаки аз сини даҳсола боло ҳатмӣ мебошад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мақомоти васоят ва парасторӣ ё суд метавонанд танҳо бо ризоияти кўдаки аз синни даҳсола боло қарор қабул намояд.
  2. Муассисаҳои таълимии томактабӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва падару модар бояд барои озодона изҳор намудани фикри кўдак дар ҷомеа ва оила шароит фароҳам оваранд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …