Главная / Ҷамъият / Пешниҳоди маълумот ба мақомоти андоз

Пешниҳоди маълумот ба мақомоти андоз

Моддаи 57-и Кодекси Андоз. Пешниҳоди маълумот ба мақомоти андоз

  1. Ҳангоми амалӣ намудани назорати андоз мақомоти андоз ҳуқуқ доранд бо роҳи фиристодани огоҳиномаи хаттӣ аз ҳар шахс талаб намоянд, ки дар мўҳлати 10 рўз:

-маълумоти зеринро пешниҳод намояд, азҷумла, дар бораи даромад ва хароҷоти андозсупоранда барои давраи муайяни андоз, дар бораи даромадҳое, ки аз андозсупорандаи дар огоҳинома зикршуда гирифтааст, дар бораи хароҷоте, ки бинобар муносибатҳои мутақобила бо андозсупорандаи дар огоҳинома зикршуда анҷом додааст;

-ба маҳал ва дар мўҳлати дар огоҳинома зикршуда барои аниқ намудани маълумоте, ки мақомоти андоз дар ихтиёр дорад ё барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ё дигар маълумоти вобаста ба андозбандии ҳамин ва дигар андозсупоранда ҳозир шавад.

  1. Корманди ваколатдори мақомоти андоз дар ҷараёни санҷиши андоз бо мақсади ҷамъоварии маълумот тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:

-ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба андозбандиро нусхабардорӣ намояд;

-тибқи тартиби муқарраргардида дар асоси санад оид ба гирифтан ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки ба ҳамин санҷиши андоз алоқаманданд, гирад;

-ҳисобкунакҳо гузорад (тибқи тартиби муқарраргардида аз андозсупоранда талаб намояд, ки ҳисобкунакҳо гузорад) ва (ё) нишондиҳандаҳои онҳоро гирад;

-ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро мўҳр гузошта,  истифодаи онҳоро манъ намояд.

  1. Агар корманди ваколатдори мақомоти андоз мутобиқи қисми 2ҳамин модда таҷҳизот ва маводи андозсупорандаро барои гирифтани иқтибосҳо аз ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳо ё нусха аз онҳо истифода барад, мақомоти андоз ўҳдадоранд хароҷоти ин андозсупорандаро пардохт намоянд.
  2. Агар корманди ваколатдори мақомоти андоз ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳоро дар асоси ваколатҳои пешбининамудаи қисми 2ҳамин модда гирад, мақомоти андоз бояд ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳоро нусхабардорӣ намоянд ва нусхаҳои аслии онҳоро дар мўҳлати на дертар аз 10 рўзи корӣ аз санаи гирифтан баргардонанд.
  3. Дастрасии кормандони мақомоти андоз ба ҳуҷҷатҳо ва дигар объектҳои дорои ин ё он сирри махфӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …