Моддаи 56-и Кодекси оила. Ҳуқуқи кӯдак барои муошират бо падару модар ва дигар хешу ақрабо
- Кӯдак ҳуқуқи муоширатро бо падару модар, бобо, бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешу ақрабо дорад. Бекор кардани ақди никоҳ аз ҷониби падару модар, беэътибор донистани он ё зиндагии ҷудогонаи падару модар ба ҳуқуқи кӯдак таъсир намерасонад.
Дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани падару модар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки бо ҳар кадоми онҳо муошират кунад. Кӯдак инчунин ҳуқуқ дорад дар сурати дар давлатҳои мухталиф зиндагӣ кардани падару модар ва баъди бекор кардани ақди никоҳ низ бо онҳо муошират кунад.
- Фарзанде, ки дар ҳолати фавқулодда қарор дорад (ҳангоми дастгир кардан, ба ҳабс гирифтан, дар маҳбас нигоҳ доштан, дар муассисаи тиббӣ будан ва ғайра) мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун барои муошират бо падару модар ва дигар хешу ақрабои худ ҳуқуқ дорад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)