Главная / Ҷамъият / Суратҳисобҳои бонкӣ

Суратҳисобҳои бонкӣ

Моддаи 56-и Кодекси Андоз. Суратҳисобҳои бонкӣ

bank-bonk

Ташкилотҳои қарзӣ ўҳдадоранд:

-суратҳисобҳои бонкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро (ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии шахсони воқеӣ) танҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби мақомоти андоз додани рақами мушаххаси андозсупоранда ё рамзи сабаби ба ҳисоб гузоштанро тасдиқ менамоянд, кушода, дар мўҳлати 5 рўз ба воситаи шабакаҳои алоқаи электронӣ ё дар шакли коғазӣ мақомоти андозро дар хусуси аз ҷониби андозсупоранда кушодани суратҳисобҳои номбурда огоҳ намоянд ва бе зикри рақами мушаххаси андозсупоранда дар ҳуҷҷатҳои бонкӣ бо суратҳисобҳо амалиёт анҷом надиҳанд;

-пардохти андозҳоро аз рўи навбати муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохти маблағҳо аз суратҳисобҳои бонкӣ, аз ҷумла аз суратҳисобҳои асъории андозсупорандагон анҷом диҳанд;

-бо супориши андозсупоранда ба суратҳисоби Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи андозҳоро дар мўҳлати на дертар аз рўзи дигари баъди гузаронидани амалиёт ҷиҳати аз ҳисоб баровардани маблағҳо аз суратҳисоби бонкии андозсупоранда ба даромадҳои буҷети дахлдор дохил намоянд (гузаронанд);

-бо дархости хаттии мақомоти андоз дар мўҳлати 5 рўз иттилоотро дар бораи суратҳисобҳои бонкӣ, бақия ва гардиши маблағҳо дар ин суратҳисобҳои андозсупорандаи санҷишшаванда ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд;

-ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳои вобаста ба пардохти андозҳо зикр намудани рақами мушаххаси андозсупоранда, намудҳои андозҳои пардохтшавандаро (рамзҳои андозҳоро) талаб намоянд, инчунин дурустии нишон додани маълумотҳои (реквизитҳои) бонкии гирандаи пардохтро назорат кунанд;

– тибқи дархости хаттии мақомоти андоз дар мўҳлати 5 рўз дар бораи суратҳисобҳои бонкӣ, бақия ва гардиши маблағҳо дар ин суратҳисобҳои андозсупорандаҳое, ки нисбат ба онҳо қарор дар бораи ба таври ғайрисудӣ рўёнидани қарзҳои эътирофшудаи андоз ва (ё) дар бораи андозсупорандагони бемасъулият қабул гардида, дар бораи онҳо дар сомонаи электронии мақоми ваколатдори давлатӣ иттилоот ҷойгир карда шудааст, ба мақомоти андоз маълумот пешниҳод намоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …