Моддаи 56-и Қарори шаҳрсозӣ. Ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтмони манзили шахсӣ
- Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони манзили шахсӣ дар қитъаи замине, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин мақсад дода шудааст, ҳуқуқ доранд.
- Ҳуқуқи шаҳрвандон барои сохтмони манзилҳои шахсӣ бо роҳи инкишоф додану ҳифз намудани фонди мавҷудаи манзилҳои шахсӣ аз ҷониби давлат, мусоидат ба сохтмони манзилҳои шахсӣ, тақсимоти одилонаи қитъаҳои замин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.