Главная / Ҷамъият / Масъулияти корфармо барои ғайриқонунӣ ба кори дигар гузарондан ва ғайриқонунӣ қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ

Масъулияти корфармо барои ғайриқонунӣ ба кори дигар гузарондан ва ғайриқонунӣ қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ

Моддаи 55-и Кодекси Меҳнат. Масъулияти корфармо барои ғайриқонунӣ ба кори дигар гузарондан ва ғайриқонунӣ қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ

  1. Ҳангоми аз ҷониби суд ё корфармо ба кор барқарор намудани корманд, корфармо уҳдадор аст, ҷуброни зарари ба корманд расонидашударо пардохт намояд.
  2. Ҷуброни зарар аз инҳо иборат аст:

– ҳатман пардохт кардани вақти маҷбуран ба кор ҳозир нашудан ба андозаи на камтар аз музди меҳнати аздастдода;

– ҷуброни хароҷоти иловагӣ вобаста ба шикоят дар бораи ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронидан ё озод кардан аз кор (маслиҳати мутахассисон, хароҷоти судӣ);

– имконпазирии ҷуброни зарари маънавӣ.

  1. Ҳаҷми ҷуброни зарари маънавиро суд бо назардошти арзёбии амали корфармо муайян мекунад, вале он аз музди миёнаи моҳонаи корманд камтар буда наметавонад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …