Главная / Ҷамъият / Ҳуҷҷатҳо

Ҳуҷҷатҳо

Моддаи 54-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳуҷҷатҳо 

  1. Ҳуҷҷатҳо ба шарте ҳамчун далел эътироф карда мешаванд, ки маълумоти дар онҳо дарҷгардида ё тасдиқнамудаи шахсони воқеӣ, мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ барои пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аҳамият дошта  бошанд.
  2. Ҳуҷҷатҳо метавонанд дорои маълумотҳое бошанд, ки ба тарзи хаттӣ ва дар дигар шакл қайд шудаанд. Маводи суратгирӣ ва навори кино, сабти овоз ва видео, махзанҳои иттилоотӣ, махзанҳои маълумот ва дигар ҳомилҳои иттилоотӣ метавонанд ҳамчун ҳуҷҷат эътироф шаванд.
  3. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди онҳо  қарор дорад, ӯҳдадоранд доир ба таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳо то моҳиятан баррасӣ намудани парванда чораҳои зарурӣ андешанд ва баъди анҷоми баррасии парванда дар хусуси онҳо қарори дахлдор қабул намоянд.
  4. Агар ҳуҷҷатҳо дорои нишонаҳои дар моддаи 53 Кодекси мазкур зикргардида бошанд, далели шайъӣ эътироф мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …