Моддаи 54-и Кодекси Андоз. Пешниҳоди иттилоот оид ба пардохтҳо ё амалиёти дигар
Шахси ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, муассисаи доимии ғайрирезидент ва соҳибкори инфиродӣ, ки дар давоми соли тақвимӣ ба манфиати дигар шахсон пардохтҳо анҷом медиҳанд, ўҳдадоранд иттилооти дахлдорро оид ба пардохтҳо тибқи тартиб ва дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд.