Главная / Ҷамъият / Баҳси муайянкунии падарӣ (модарӣ)

Баҳси муайянкунии падарӣ (модарӣ)

Моддаи 53-и Кодекси оила.  Баҳси муайянкунии падарӣ  (модарӣ) 

  1. Сабти падару модар дар дафтари сабти таваллуди кӯдак, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» сурат гирифтааст, собиткунандаи аслу насаби кӯдак аз шахсони дар он зикргардида  буда он  танҳо ба  тартиби судӣ бо талаби шахси ҳамчун падар ё модари кӯдак сабтёфта ё шахсе, ки воқеан падар ё модари кӯдак мебошад, инчунин аз ҷониби васии падару модари қудак, инчунин худи кӯдак ҳангоми расидан ба синни балоғат, васии падар ё модари аз тарафи суд ғайри қобили амал эътирофгардида мавриди баҳс қарор гирифта метавонад.  (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
  2. Талаби шахсе, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» падари кӯдак сабт шудааст, дар мавриди баҳси падарӣ қонеъ гардонида намешавад, агар дар лаҳзаи сабт ин шахс  медонист, ки ӯ воқеан падари кӯдак  намебошад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
  3. Шахсе, ки ба сифати падар ё модари кӯдак сабт шудааст, ё шахсе, ки воқеан падари кӯдак аст, дар сурати фавти модар ё аз ҳуқуқи падару модар маҳрум кардани ӯ ҳуқуқ дорад дар давоми як сол аз он вақте, ки ба ӯ  сабти гузаронидашуда маълум гардидаст ё мебоист маълум гардад, баҳс  кунад. Агар то ин  муддат шахси падар ё модар сабтгардида шахси ноболиғ  ҳисоб шавад, мӯҳлати як сол  аз рӯзи ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидани ӯ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …