Далелҳои шайъӣ
16.04.2018
72 Показы
Моддаи 53-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Далелҳои шайъӣ

- Дар зери мафҳуми далелҳои шайъӣ оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ олоти содиркунӣ ё ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ҷумла олоти содиркунӣ ё ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дорои изҳои (нақши пайи) он мебошанд, фаҳмида мешаванд.
- Далелҳои шайъӣ ҳангоми зарурат сурат гирифта, ё ба дигар тарзи муайяншуда қайд гардида, ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамроҳ карда мешаванд. Мавҷудияти далелҳои шайъӣ дар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё дигар протоколи пешбининамудаи Кодекси мазкур қайд карда мешаванд.
- Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди онҳо қарор дорад, ӯҳдадоранд доир ба таъмини нигоҳдории далелҳои шайъӣ то моҳиятан баррасӣ кардани парванда чораҳои зарурӣ андешанд ва баъди баррасӣ гардидани парванда дар хусуси далелҳои шайъӣ қарори дахлдор қабул намоянд.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-16
Tags Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Инчунин кобед
Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …