Главная / Ҷамъият / Пешниҳод намудани ҳисоботи андоз

Пешниҳод намудани ҳисоботи андоз

Моддаи 53-и Кодекси Андоз. Пешниҳод намудани ҳисоботи андоз

  1. Ҳисоботи андоз аз ҷониби андозсупоранда ба мақомоти андоз дар мўҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод карда мешавад.
  2. Ҳисоботи андоз ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда пешниҳод карда мешавад. Ҳисоботи андоз аз рўи намудҳои алоҳидаи андозҳо низ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур аз ҷониби андозсупоранда дар маҳалли баҳисобгирии объектҳои андозбандӣ пешниҳод карда мешавад.
  3. Шахсони воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ намебошанд, эъломияи андозро ба мақомоти андози маҳалли истиқоматашон пешниҳод менамоянд.
  4. Ҳисоботи андоз ба мақомоти андоз пешниҳодшуда ҳисобида намешавад, агар дар он рақами мушаххаси андозсупоранда, давраи андоз, намуд ва маблағи андоз, ва (ё) санаи пешниҳоди ҳисоботи андоз нишон дода нашуда бошанд ё нодуруст нишон дода шуда бошанд.
  5. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳисоботи андоз дар доираи мўҳлати даъво бо роҳи пешниҳоди ҳисоботи иловагӣ барои давраи андозе, ки ин тағйиру иловаҳо ба он тааллуқ доранд, иҷозат дода мешавад.
  6. Ҳангоми пешниҳод намудани ҳисоботи андоз бо тағйиру иловаҳо ба мақомоти андоз то лаҳзае, ки андозсупоранда дар бораи таъин намудани санҷиши ҳуҷҷатии андоз огоҳ шуд ё бояд огоҳ мешуд, андозсупоранда аз ҷавобгарии бо қонунгузорӣ муқарраргардида барои ҳуқуқвайронкунии содиркардааш озод карда мешавад. Зимнан фоизҳо барои дар вақташ напардохтани андозҳо тибқи тартиби муқарраршуда ҳисоб ва пардохт карда мешавад.
  7. Барои андозсупорандагони алоҳидае, ки назорати фаъолияти онҳо аз ҷониби нозироти андози андозсупорандагони калон амалӣ карда мешавад, дар ҳолатҳои зарурӣ мўҳлатҳои пешниҳоди эъломияҳо ва пардохти андозҳо метавонанд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …