Моддаи 52-и Кодекси Андоз. Мўҳлати нигоҳдории ҳисоботи андоз
- Ҳисоботи андозро андозсупорандагон (агентҳои андоз) дар давоми на камтар аз мўҳлати даъво, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, нигоҳ медоранд.
- Ҳангоми азнавташкилшавии андозсупоранда (агенти андоз) – шахси ҳуқуқӣ ўҳдадориҳо оид ба нигоҳдории ҳисоботи андоз ба зиммаи вориси ҳуқуқии он гузошта мешавад.