Главная / Ҷамъият / Кумакпулӣ ҳангоми қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ

Кумакпулӣ ҳангоми қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ

Моддаи 51-и Кодекси Меҳнат. Кумакпулӣ ҳангоми қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ

  1. Ба корманд ҳангоми қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ кумакпулии яквақта дода мешавад:

– бо ташаббуси корфармо, дар ҳолатҳои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо асосҳои пешбиникардаи сархатҳои якум, дуюм, панҷум, понздаҳум ва шонздаҳуми қисми 1 моддаи 42 Кодекси мазкур;

– дар ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобастанабуда, ба истиснои ҳолати қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ ҳангоми эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд (сархати сеюми моддаи 48 Кодекси мазкур) ва ҳангоми вафоти корманд (сархати чоруми моддаи 48 Кодекси мазкур).

  1. Ҳаҷми кумакпулӣ ҳангоми аз кор рафтан набояд аз се маоши миёнаи моҳонаи корманд камтар бошад.

Рабство

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

shafran

Духтурон аз Ҳинудстон ба ш. Душанбе санаи 29-уми октябр меоянд

Барои аксари ҳамватанон табобат дар хориҷа монанди парвоз ба кайҳон  аст, яъне. чизе аз доираи хаёлот. …