Моддаи 50-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Баёноти шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, баёноти ҷабрдида ва шоҳидон
- Баёноти шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад ва баёноти ҷабрдида, шоҳидон аз маълумоте иборат мебошанд, ки ба парванда марбутанд ва аз тарафи ин шахсон ба тарзи хаттӣ ё шифоҳӣ дода шудаанд.
- Баёноти шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, баёноти ҷабрдида ва шоҳидон дар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, протоколи татбиқи чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ инъикос гардида ё ба таври хаттӣ навишта, ба парванда ҳамроҳ карда мешаванд.