Главная / Ҷамъият / Қиёси қонун ва ҳуқуқ дар муносибатҳои оилавӣ

Қиёси қонун ва ҳуқуқ дар муносибатҳои оилавӣ

Моддаи 5-и Кодекси оила. Қиёси қонун ва ҳуқуқ дар муносибатҳои оилавӣ

(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

Дар ҳолатҳое, ки муносибатҳои байни аъзои оила бо  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ё созишномаи тарафҳо танзим нагардида бошанд ва дар сурати мавҷуд набудани меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ, ки бевосита ин муносибатҳоро танзим менамоянд, нисбат ба чунин муносибатҳо, агар ин хилофи моҳияти онҳо набошад, меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ ва (ё) ҳуқуқи гражданӣ, ки муносибатҳои шабеҳро танзим менамоянд (қиёси қонун), истифода мешаванд. Дар сурати набудани чунин меъёрҳо ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои оила, бо назардошти  асосу принсипҳои умумии ҳуқуқи оила ё ҳуқуқи гражданӣ (қиёси ҳуқуқ), инчунин принсипи башардӯстӣ, оқилона ва адолат муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.12.11с. №791;  ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …