Главная / Ҷамъият / Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосӣ

Моддаи 5-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мафҳумҳои асосӣ 

Мафҳумҳои асосие, ки дар Кодекси мазкур истифода шудаанд:

иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ – мақомот ва шахсоне, ки таъқиби маъмуриро анҷом медиҳанд, инчунин шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад (ҷабрдида, намояндаи қонунӣ ва намоянда, ҳимоятгар), инчунин прокурор, коршинос (эксперт), мутахассис, шоҳид, шахси холис, тарҷумон;

намояндагони қонунӣ – падару модар, фарзандон, фарзандхондагон, фарзандхондшудагон, васиён, парасторони шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад ё ҷабрдида;
– намояндаи шахси ҳуқуқӣ – корманди корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар асоси ваколатнома ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ баромад мекунад;

мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) – мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо, ки мутобиқи Кодекси мазкур парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро пешбурд ва баррасӣ менамоянд;

прокурор – Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовинони онҳо, сардорони раёсатҳо (шӯъбаҳо) ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Прокурори генералӣ, прокурорҳои калон ва прокурорҳои раёсатҳо (шӯъбаҳо), ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои калон ва прокурорҳои шӯъбаҳои прокуратураҳои вилоятҳо ва ба онҳо баробаркардашуда, прокурорҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо, ҳарбии гарнизонҳо, назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ, муовинон, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни онҳо, ки дар доираи салоҳияташон фаъолият мекунанд;

раисикунанда – судяе, ки дар маҷлиси суд ҳангоми дастаҷамъона ё танҳо баррасӣ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ раисӣ мекунад;

суд – мақомоти ҳокимияти судӣ, ки ба низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буда, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ба таври дастаҷамъӣ ва ё танҳо баррасӣ мекунад (Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе);

суди марҳилаи якум – суде, ки ваколати моҳиятан баррасӣ ва қабул кардани қарори нахустини судиро оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дорад;

суди марҳилаи кассатсионӣ – суде, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз рӯи шикоят ва эътироз нисбат ба таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдонакардаи суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад;

суди марҳилаи назоратӣ – суде, ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз рӯи шикоят, эътироз нисбат ба қарор ва ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдокардаи суди марҳилаи якум ва ё таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ баррасӣ менамояд;

судя – шахси мансабдоре, ки барои амалӣ намудани адолати судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ё интихоб гардидааст;

қарор – санаде, ки аз ҷониби суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур қабул карда шудааст;

таъинот – санади судие, ки суди марҳилаи якум дар ҷараёни мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баровардааст, инчунин санаде, ки судҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ, ғайр аз раёсати судҳо дар вақти аз нав баррасӣ намудани санадҳои эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд қабул кардаанд;

таъқиби маъмурӣ – фаъолияти мурофиавие, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) бо мақсади муайян кардани кирдори бо Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда ва шахсе, ки онро содир кардааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани ӯ, ҳамчунин барои таъмин кардани татбиқи ҷазо ва ё дигар чораҳои маҷбурӣ нисбат ба чунин шахс анҷом медиҳанд;

хешовандони наздик – падару модар, фарзандон, фарзандхондагон, фарзандхондшудагон, бародарон ва хоҳарон, бобо, бибӣ (модаркалон), набера, инчунин ҳамсар;

ҳимоятгар (намоянда) – шахсест, ки ҳангоми пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркардаро (ҷабрдидаро) ҳифз намуда, бо ҳар восита ва усули манънакардаи қонун ёрии ҳуқуқӣ мерасонад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …