Главная / Ҷамъият / Асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқҳои истифодаи об

Асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқҳои истифодаи об

Моддаи 49-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқҳои истифодаи об

1.Ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

-аз байн рафтани зарурати истифодаи об ё даст кашидан аз он;

-ба охир расидани мӯӯҳлати дар иҷозати истифодаи махсуси об нишондодашуда;

-аз нав ташкил намудан ва барҳам додани шахси ҳуқуқӣ, фавти шахси воқеӣ;

-ба миён омадани зарурати давлатиибекор кардани иҷозати истифодаи махсуси об;

-мунтазам вайрон кардани шартҳои шартнома дар бораи истифодабарии об, ки бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об баста шудааст. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

2.Ҳуқуқи истифодаи об (ғайр аз ҳуқуқи истифода аз захираҳои об барои эҳтиёҷи нӯӯшиданӣ ва маишӣ) дар сурати аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вайрон кардани қоидаҳои истифодаи об ё истифодаи объекти об хилофи мақсаде, ки он дода шудааст, инчунин дар ҳолатҳои ба таври назаррас вайрон кардани таносуби экологии муҳити зист қатъ карда мешавад.

3.Дар қонун ҷиҳати қатъи ҳуқуқи истифодаи об метавонад дигар асосҳо пешбинӣ гардад.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …