Главная / Ҷамъият / Ҳолатҳое, ки тибқи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ исбот карда мешаванд

Ҳолатҳое, ки тибқи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ исбот карда мешаванд

Моддаи 49-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳолатҳое, ки тибқи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ исбот карда мешаванд 

Вобаста ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳолатҳои зерин бояд исбот карда шаванд:

– мавҷудияти ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;

– шахсе, ки кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқиро, ки барои он мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст, содир намудааст;

– гунаҳгории шахс дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;

– ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ;

– хусусият ва андозаи зарари тибқи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ расонидашуда;

– ҳолатҳои истиснокунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;

– мавҷуд будани асоси супоридани маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои баррасӣ дар ҷойи истиқомат, кор ё таҳсил;

– сабаб ва шароитҳое, ки барои содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат кардаанд;

– дигар ҳолатҳое, ки барои ҳалли дурусти парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аҳамият доранд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …