Главная / Ҷамъият / Ҳолатҳое, ки иштироки ҳимоятгар ва намояндаи ҷабрдидаро дар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунанд

Ҳолатҳое, ки иштироки ҳимоятгар ва намояндаи ҷабрдидаро дар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунанд

Моддаи 47-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳолатҳое, ки иштироки ҳимоятгар ва намояндаи ҷабрдидаро дар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунанд 

  1. Ҳимоятгар ва намояндаи ҷабрдида ҳуқуқ надоранд дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иштирок кунанд, агар:

– қаблан дар парванда ба сифати судя, прокурор, корманди мақомоти давлатии анҷомдиҳандаи назорат ва санҷиши риояи қоидаҳое бошанд, ки риоя накардани ин қоидаҳо барои оғози ин парванда асос шудааст, котиби маҷлиси суд, шоҳид, коршинос, мутахассис, тарҷумон ё шахси холис иштирок карда бошанд;

– бо судя, прокурор, шахси мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ ё котиби маҷлиси суд, ки дар тафтиш ё баррасии судии ҳамин парванда иштирок мекунанд, муносибатҳои хешутаборӣ дошта бошанд.

  1. Масъалаи рад кардани ҳимоятгар ва намояндаи ҷабрдида, бо тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 44 Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …