Главная / Ҷамъият / Қатъ кардани шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ

Қатъ кардани шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ

Моддаи 46-и Кодекси Меҳнат. Қатъ кардани шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ

  1. Шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ баъд аз ба итмом расидани муҳлати он қатъ мегардад. Агар баъд аз гузаштани муҳлат муносибатҳои меҳнатӣ идома ёбад ва ягон тараф бекор намудани онро талаб накунад, он гоҳ шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати нав баста мешавад ё дар сурати набудани чунин созишнома ба муҳлати номуайян идомадошта ҳисобида мешавад.
  2. Шартномаи меҳнатие, ки дар вақти набудани корманд баста шудааст ва барои ў ҷойи кор (вазифа) нигоҳ дошта шудааст, аз рўзи ба кор баргаштани корманде, ки пештар ин корро иҷро мекард, қатъ мегардад.
  3. Шартномаи меҳнатие, ки ба вақти иҷрои кори муайян баста шудааст, баъд аз ба охир расидани он қатъ мегардад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …