Главная / Ҷамъият / Огоҳонӣ дар бораи бекор кардани шартномаи меҳнатӣ

Огоҳонӣ дар бораи бекор кардани шартномаи меҳнатӣ

Моддаи 45-и Кодекси Меҳнат. Огоҳонӣ дар бораи бекор кардани шартномаи меҳнатӣ

  1. Корфармо уҳдададор аст кормандро дар бораи бекор кардани шартномаи меҳнатӣ, ки ба муҳлати номуайян баста шудааст, дар муҳлатҳои зерин ба таври хаттӣ огоҳ кунад:

– ҳангоми бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бинобар барҳам хўрдани ташкилот ё қатъ гардидани фаъолияти корфармо – шахси воқеӣ ва ё ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории кормандон на дертар аз ду моҳ;

– ҳангоми бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бинобар ба кори иҷро мекардааш мувофиқ набудани корманд аз сабаби нокифоягии ихтисос ё вазъи саломатӣ на камтар аз як моҳ.

  1. Дар давраи огоҳонӣ ба корманд ҳуқуқ дода мешавад, ки барои ҷустуҷўи кори дигар ҳафтае на камтар аз як рўз бо нигоҳ доштани музди кор ба кор набарояд.
  2. Бо созишномаи тарафҳо шартномаи меҳнатӣ метавонад аз рўи асосҳои зикршуда то ба охир расидани муҳлати огоҳонӣ бо додани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди меҳнати миёнаи рўзона барои ҳар рўзи боқимондаи то ба охир расидани ин муҳлат бекор карда шавад.
  3. Корфармо уҳдадор аст дар муҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз кор озодшавии дарпешистодаи кормандон бо нишон додани ихтисос, дараҷаи касбӣ ва ҳаҷми музди меҳнати онҳо ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ маълумот диҳад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …