Главная / Ҷамъият / Рад кардани коршинос

Рад кардани коршинос

Моддаи 45-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Рад кардани коршинос

  1. Коршинос дар ҳолатҳои зерин наметавонад дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иштирок кунад:

– ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар қисми 1 моддаи 38 Кодекси мазкур пешбинигардида;

– агар ӯ таҳти вобастагии хизматӣ ё дигар вобастагии мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ё прокурор, судя, шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, ҳимоятгар ё ҷабрдида ё намояндагони онҳо қарор дошт ё қарор дошта бошад;

– агар ӯ оид ба ҳамин парванда санҷиш (ревизия) анҷом дода бошад;

– дар ҳолати ошкор гардидани бесалоҳиятии ӯ.

  1. Иштироки қаблии коршинос дар парванда ба сифати мутахассис ва ё ба сифати коршинос барои рад кардани ӯ асос шуда наметавонад.
  2. Масъалаи рад кардани коршинос бо тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 44 Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …