Главная / Ҷамъият / Тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 45-и  Қарори шаҳрсозӣ. Тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоро муайян менамояд:
    – муқаррароти асосии рушди низоми ҷойгиркунонӣ, истифодабарии табиат ва қувваҳои истеҳсолӣ мутобиқи дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
    – тадбирҳо оид ба беҳтар намудани вазъи экологӣ дар минтақаҳои истифодаи оқилона ва ҳифзи замин, нигоҳ доштани ҳудуди объектҳои мероси фарҳангӣ, рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоии аҳамияти умумидавлатидошта;
    – ҳудудҳои барои рушди низоми ҷойгиркунӣ мусоид;
    – ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
    – минтақаҳои муҳофизати иншооти обӣ;
    – ҳудудҳои истироҳатӣ;
    – ҳудудҳои таъиноти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал;
    – ҳудудҳои дорои шароити табиату иқлими ғайриоддӣ;
    – ҳудудҳои дучори таъсири ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ гардида;
    – ҳудудҳои дорои сарватҳои зеризаминӣ;
    – ҳудудҳое, ки барои онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар намудҳои истифодаи шаҳрсозӣ ва маҳдудсозии истифодаи ҳудуди мазкур барои амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ муқаррар карда мешаванд;
    – дигар қарорҳо оид ба рушди ҳудуд.
    2. Тартиби таҳияи тарҳи генералии ҷойгиркунониро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …