Главная / Ҷамъият / Тағйир додан ё бекор кардани аҳдномаи ақди никоҳ

Тағйир додан ё бекор кардани аҳдномаи ақди никоҳ

Моддаи 43-и Кодекси оила.  Тағйир додан ё бекор кардани аҳдномаи ақди никоҳ

(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1395) 

  1. Аҳдномаи никоҳро дар ҳар давра бо мувофиқаи зану шавҳар тағйир додан ва ё бекор кардан мумкин аст. Созишнома дар бораи тағйир додан ё бекор кардани аҳдномаи ақди никоҳ дар ҳамон шакле, ки аҳдномаи никоҳ баста мешавад, ба имзо мерасад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1395)

Ба якҷониба рад намудани иҷрои аҳдномаи никоҳ иҷозат дода намешавад.

  1. Бо талаби зан ё шавҳар аҳдномаи никоҳ бо ҳалномаи суд тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода ё бекор карда шуданаш мумкин аст.
  2. Амали аҳдномаи никоҳ аз лаҳзаи қатъ кардани ақди никоҳ (моддаи 25 ҳамин Кодекс) ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар аҳдномаи никоҳ барои давраи баъди қатъи ақди никоҳ пешбинӣ шудааст, қатъ мегардад.
  3. Шартҳои аҳдномаи никоҳеро, ки дар қисми 4 моддаи 42 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, тағйир додан манъ аст. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …