Моддаи 43-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқи афзалиятнок барои дар кор мондан ҳангоми бекор шудани шартномаи меҳнатӣ бинобар ихтисори шумора, воҳиди кории кормандон ё тағйири шароити меҳнат
- Ҳангоми бекор шудани шартномаи меҳнатӣ бинобар тағйир ёфтани технология, ташкили истеҳсолот ва меҳнат, ки кам шудани ҳаҷми кор боиси ихтисор шудани шумора, воҳиди кории кормандон ё тағйири шароити меҳнат гардидааст, ҳуқуқи афзалиятнок барои дар кор мондан ба кормандоне дода мешавад, ки дорои дараҷаи баландтари ихтисос ва ҳосилнокии меҳнат мебошанд.
- Ҳангоми баробар будани тахассус ва самаранокии меҳнат афзалият ба инҳо дода мешавад:
– ба кормандоне, ки ду ва зиёда аъзои оилаи ғайриқобили меҳнат доранд;
– ба шахсоне, ки дар оилааш дигар корманди музди меҳнати мустақилдошта мавҷуд нест;
– ба кормандоне, ки дар ҳамон ташкилот собиқаи зиёди корӣ доранд;
– ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, ихтисоси худро аз рўи тахассуси дахлдор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ баланд мебардоранд ва шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиро ба итмом расонидаанд, ба шарте ки баъд аз хатми таҳсил дар давоми ду сол аз рўи ихтисос кор кунанд;
– ба шахсоне, ки дар ҳамон ташкилот ҷароҳати меҳнатӣ гирифтаанд ё ба бемории касбӣ гирифтор шудаанд;
– ба маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
– ба шахсоне, ки ба бемории шуоъӣ гирифтор шудаанд ё онро аз сар гузаронидаанд ва дигар бемориҳое, ки бо баландшавии нури радиатсионӣ вобаста буда, дар натиҷаи оқибатҳои садамаи объектҳои атомӣ ба вуҷуд омадаанд, ба маъюбоне, ки сабаби маъюбии онҳо бо садамаи объектҳои атомӣ алоқаманд аст, иштирокчиёни корҳои барҳамдиҳии оқибатҳои ин садамаҳо ва фалокатҳо, инчунин шахсоне, ки аз минтақаҳои зикршуда кўчонида шудаанд ва дигар шахсоне, ки ба ин гурўҳ баробар карда шудаанд;
– ба маъюбони тибқи квота ба кор қабулгардида;
– ба ҷабрдидагони амалҳои террористӣ ва савдои одамон;
– ба ихтироъкорон ва навоварон.
- Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ мумкин аст дигар ҳолатҳое пешбинӣ карда шаванд, ки ҳангоми мавҷуд будани онҳо барои дар кор монондани кормандон афзалият дода мешавад.