Главная / Ҷамъият / Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо

Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо

Моддаи 42-и Кодекси Меҳнат. Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо

  1. Шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо метавонад бо асосҳои зерин бекор карда шавад:

– барҳам хўрдани ташкилот ё қатъ гардидани фаъолияти корфармо – шахси воқеӣ ва ё ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории кормандон;

– қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бинобар иваз шудани соҳибмулк, ҳангоми ошкор гардидани номувофиқатии корманд ба вазифаи (мансаби) ишғолкардааш ё кори иҷро мекардааш дар натиҷаи нокифоягии ихтисос ё вазъи саломатиаш, ки барои давом додани ҳамин кор халал мерасонад, агар ин номувофиқатии корманд дар натиҷаи аттестатсия ва ё дар асоси хулосаи тиббӣ тасдиқ шуда бошад;

– бе сабабҳои узрнок уҳдадориҳои меҳнатиро, ки шартномаи меҳнатӣ ё қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ба зиммаи корманд гузоштааст, мунтазам иҷро накардани ў, агар ба корманд пештар чораҳои ҷазои интизомӣ татбиқ шуда бошанд;

– бе сабабҳои узрнок ба кор ҳозир нашудан, аз ҷумла дар давоми рўзи корӣ зиёда аз 3 соат набудан дар ҷойи кор;

– ҳозир нашудан ба кор дар давоми бештар аз чор моҳи бефосила дар натиҷаи корношоямии муваққатӣ, бе ҳисоб кардани рухсатии давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати аз ин зиёдтари нигоҳ доштани ҷойи корро (вазифаро) ҳангоми бемории муайян муқаррар накарда бошад. Ба кормандоне, ки бо сабаби осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ қобилияти меҳнатиашонро гум кардаанд, то барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ё муқаррар гардидани маъюбӣ ҷойи кор (вазифа) нигоҳ дошта мешавад;

– дар ҳолати мастӣ бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ҳозир шудан ба кор;

– ба қувваи қонунӣ даромадани қарори мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба дуздии молу мулк ва дигар кирдорҳое, ки давом додани корро истисно менамоянд;

– аз тарафи корманд содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, ки дар асоси санади судӣ имконияти минбаъд давом додани корро истисно менамоянд;

– аз тарафи корманд давом додани иштирок дар корпартоӣ баъд аз ба маълумоти ў расонидани қарори суд дар хусуси ғайриқонунӣ эътироф намудани корпартоӣ ва ё манъи корпартоӣ;

– қатъ гардидани иҷозати корманд ба сирри давлатӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– аз тарафи роҳбари мақомоти иҷроияи корфармо, муовини ў ва ё роҳбари сохтори корфармо вайрон намудани уҳдадориҳои меҳнатӣ, ки боиси расонидани зарари моддӣ ба корфармо гардидааст;

– рад кардани аз муоинаи тиббӣ гузаштан барои муқаррар намудани воқеияти дар ҳолати мастӣ бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда қарор доштан;

– аз тарафи корманд вайрон намудани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ё бехатарӣ аз сўхтор ва ё ҳаракат дар нақлиёт, ки боиси оқибатҳои вазнин, аз ҷумла ҷароҳат ва садама гардидаанд ё метавонад гарданд;

– аз тарафи корманд фош намудани маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда, ки ба ў ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ маълум шудаанд;

– қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо шахси дар ду ё якчанд ҷой коркунанда бинобар қабули шахсе, ки дар ду ё якчанд ҷой кор намекунад, инчунин вобаста ба маҳдуд гардонидани кор дар якчанд ҷой, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст;

– вайронкунии дағалонаи якдафъаинаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари ташкилот (воҳидҳои алоҳидаи он) ва муовини ў;

– аз ҷониби корманде, ки бо дороиҳои пулию молӣ бевосита кор мекунад, содир намудани кирдори зиддиҳуқуқие, ки барои нисбат ба ў гум шудани боварии корфармо асос мегардад;

– аз ҷониби корманде, ки вазифаҳои тарбиявиро иҷро менамояд, содир кардани рафтори бадахлоқона, ки барои давом додани он кор мувофиқ намебошад;

– пешниҳоди маълумоти нодуруст, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва риоя накардани дигар қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми қабул ба кор;

– манфӣ будани натиҷаи кор дар давраи муҳлати санҷиш ҳангоми ба кор қабул намудан.

  1. Санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаҳо ва низомномаҳо оид ба интизом метавонанд дигар асосҳои иловагии бекор кардани шартномаи меҳнатиро низ бо ташаббуси корфармо пешбинӣ намоянд.
  2. Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ аз рўи асосҳое, ки дар сархатҳои якум (ба ғайр аз барҳам хўрдани ташкилот ё қатъ гардидани фаъолияти корфармо – шахси воқеӣ) ва дуюми қисми 1 моддаи мазкур, сархати дуюми моддаи 48 Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, роҳ дода мешавад, агар бо розигии корманд ба кори дигар гузаронидани ў имконнопазир бошад.
  3. Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо дар давраи корношоямии муваққатӣ (ба ғайр аз озодкунӣ мувофиқи сархати панҷуми қисми 1 моддаи мазкур) ва дар давраи дар рухсатӣ ё сафари хизматӣ будани корманд, ба истиснои ҳолатҳои барҳам хўрдани ташкилот, қатъ шудани фаъолияти корфармо – шахси воқеӣ, роҳ дода намешавад.
  4. Яктарафа бекор кардани шартномаи меҳнатӣ аз тарафи корфармо ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи мазкур манъ аст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …