Главная / Ҷамъият / Рад кардани прокурор

Рад кардани прокурор

Моддаи 42-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Рад кардани прокурор 

  1. Прокурор ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 38 Кодекси мазкур вазифадор аст аз иштирок дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст кашад.
  2. Агар прокурор дар пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иштирок карда бошад, барои иштироки минбаъдаи ӯ дар парванда монеа шуда наметавонад.
  3. Бо асосҳои пешбининамудаи моддаи 38 Кодекси мазкур ба прокурор метавонанд шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда, намояндаи қонунии ӯ, ҳимоятгар, инчунин ҷабрдида ва намояндагони ӯ раддия арз кунанд.
  4. Масъалаи рад кардани прокурор ҳангоми баррасии судии парванда аз ҷониби суд ҳал карда мешавад.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …