Моддаи 41-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Тартиби ҳалли раддияе, ки нисбат ба судя ва шахси мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ арз шудааст
- Масъалаи рад кардани судя, инчунин дигар иштирокчиёни мурофиа, ки дар давраи мурофиаи судӣ арз шудааст, аз ҷониби суд тавассути баровардани таъинот дар хонаи машваратӣ ҳал карда мешавад.
- Раддияе, ки нисбат ба яке аз судяҳо ҳангоми дастаҷамъона баррасӣ кардани парванда арз шудааст, аз тарафи судяҳои дигар дар ғоибии ӯ ҳал карда мешавад. Радшаванда ҳуқуқ дорад то ба хонаи машваратӣ даромадани суд баёноташро дар бораи раддияи ба ӯ арзшуда изҳор намояд. Ҳангоми баробар будани овозҳо низ судя рад кардашуда ҳисоб меёбад.
- Раддияе, ки ба якчанд судя ё ҳайати пурраи суд арз шудааст, аз ҷониби ҳайати пурраи ҳамон суд бо аксарияти овозҳо ҳал карда мешавад.
- Раддия нисбат ба судяе, ки парвандаро танҳо баррасӣ мекунад, аз ҷониби ӯ тавассути қабули қарор ҳал карда мешавад.
- Дар баробари аз ҷониби яке аз тарафҳо нисбат ба судя, котиби маҷлиси суд, тарҷумон, коршинос, мутахассис арз шудани раддия дар навбати аввал масъалаи рад кардани судя ҳал карда мешавад.
- Раддияе, ки ба шахси мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ арз шудааст, аз ҷониби ӯ баррасӣ карда мешавад.
- Дар ҳолати қонеъ намудани арзи раддия парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, шикоят ё дархост барои баррасӣ ба дигар судя ё дигар шахси мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ супорида мешавад.