Главная / Ҷамъият / Истифодаи ҳудуди минтақаҳои наздишаҳрӣ

Истифодаи ҳудуди минтақаҳои наздишаҳрӣ

Моддаи 41-и  Қарори шаҳрсозӣ. Истифодаи ҳудуди минтақаҳои наздишаҳрӣ

  1. Истифодаи ҳудуди минтақаҳои наздишаҳрӣ ва фаъолияти шаҳрсозӣ дар ҳудудҳои он бо назардошти манфиати сокинони маҳалҳои аҳолинишин, ҳудудҳои байни маҳалҳои аҳолинишин, ки ба минтақаҳои наздишаҳрӣ дохил мебошанд, инчунин манфиати субъектҳои дигари фаъолияти шаҳрсозӣ амалӣ карда мешаванд.
    2. Минтақабандии ҳудуди минтақаҳои наздишаҳрӣ дар тарҳи банақшагирии ҳудуди вилоятҳо, лоиҳаҳои банақшагирии ноҳия (гурӯҳи ноҳияҳо), инчунин дар нақшаҳои генералии шаҳрҳое, ки якҷоя бо минтақаҳои онҳо таҳия карда мешаванд, муайян мегардад.
    3. Дар минтақаҳои наздишаҳрӣ минтақаҳои сабз ҷудо карда мешаванд, ки вазифаҳои санитарӣ ва истироҳатиро иҷро мекунанд. Дар минтақаҳои сабз амалӣ намудани фаъолияти хоҷагӣ ва фаъолияти дигаре, ки ба муҳити зист таъсири бад мерасонад, манъ аст.
    4. Сохтмон, таҷдид ва васеъ кардани бино, иморат ва дигар объектҳо дар доираи ҳудуди рушди шаҳр дар сарҳади минтақаҳои наздишаҳрӣ дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …